Палатаи қонунгузори парлумони Ӯзбекистон бо қабули тағйироту иловаҳо ба қонуни дахлдор таблиғи бисёрзанӣ ва дар ҷойҳои ҷамсъиятӣ пӯшидани либосеро, ки чеҳраро пинҳон мекунад ё шинохтани шахсро душвор месозад (аз ҷумла, ҳиҷобро) манъ кард. Дар ин бора телеграм-канали Палатаи қонунгузори парлумони Ӯзбекистон иттилоъ дод.
“Ҷавобгарии маъмурӣ барои мусоидат ба ҳамзистӣ бо ду ва зиёда занҳо, барои ошкоро инкор кардани баробарии занон ва мардон пешбинӣ шудааст”, - гуфта мешавад дар изҳорот.
Дар қонуни мазкур оид ба навъи ҷавобгарии маъмурӣ мушаххас чизе гуфта нашудааст.
Вакилон қайд карданд, ки сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда дар Ӯзбекистон шумораи ақди никоҳ аз рӯи расму оинҳои динӣ зиёд шуда, ба ин далел, ҳолатҳои бисёрзанӣ афзоиш меёбад.
“Дар мамлакат тарғиби бисёрзанӣ ва “афзалиятҳои” он вусъат меёбад. Дар натиҷа теъдоди кӯдакони танҳо пас аз никоҳ таваллудшуда низ зиёд шудаанд”, - гуфтаанд вакилон.
Дар мавриди дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки чеҳраро пинҳон мекунад ё шинохтани шахсро душвор месозад вакилон баъзе истисноҳо пешбинӣ кардаанд. Яъне, агар шахс дар асоси дастурамалҳои тиббӣ ё ба фаъолияти меҳнатӣ ва хизматӣ алоқаманд либосеро пӯшида бошад, ки чеҳраро пинҳон мекунад ё шинохтани шахсро душвор месозад, иҷоза аст. Ҳамчунин, агар шахс сарпӯши махсуси барои кормандони таъминкунандаи бехатарии ҳаракат дар роҳ муқарраршуда пӯшида бошад ё нафари масъул ҳангоми баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ бошад, барои ӯ қонуни мазкур истисно муайян кардааст.
Вакилони парлумони Ӯзбекистон таъкид кардаанд, ки қабули тағйироти мазкур ба қонун ба таҳкими ҳамзистии халқҳо, таҳаммулпазирии динӣ ва ҳимояи ҳуқуқи занон ва кӯдакон, ҳамчунин тақвияти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат мекунад.
“Пас аз баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ лоиҳаи қонун аз ҷониби вакилон қабул гардид”, - менависад манбаъ.
Ҳамакнун, лоиҳаи қонун барои тасдиқ ба Сенат (палатаи болоии парлумони Ӯзбекистон) фиристода шудааст.
Дар вилояти Курск кор дар таксиро барои муҳоҷирон манъ карданд
Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон “эҳтимоли табодули қитъаҳо” ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро истисно надонист
Интиқом барои террор дар “Крокус” ё чораҳои зиддитеррористӣ? Омили аслии бархӯрди шадиди Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон чист?
Сафири Амрико аз водии Рашт боздид кард
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири ИМА-ро ба ҳузур пазируфт
“Сомон Эйр” аз Хуҷанд ба Урумчӣ хатсайри мустақим роҳандозӣ мекунад
Огоҳии КҲФ аз обуҳавои номусоиди рӯзҳои наздик
Дар “мардикорбозор”-и Душанбе чӣ мегӯянду чӣ гуна корҳо пайдо мекунанд?
“Беизтироб хонда намешавад”. Рӯнамоии китоби нави Гулсифат Шаҳидӣ дар Душанбе
Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигори тоҷикро дар зодгоҳаш ба хок супориданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста