Дар бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2015 миёни дастаҳои «Кувайт» (Кувайт) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон), ки футболбозони тоҷик дар меҳмонӣ рӯзи 30 сентябр бозӣ карданд, дастаи мизбон - «Кувайт» бо ҳисоби 4 бар 0 ғалаба ба даст овард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамин тариқ, «Истиқлол» имкони дастёбӣ ба бозии финалии Ҷоми КФО-ро қариб пурра аз даст дод.

Акнун барои роҳхат гирифтан ба бозии финалӣ «Истиқлол»-ро лозим аст, ки дар бозии ҷавобӣ дар майдони худ рӯзи 21 октябр дастаи «Кувайт»-ро бо ҳисоби 5 бар 0 мағлуб созад.

Ҷоми КФО-2015

1/2 финал. Бозиҳои аввал

СК «Кувайт» (Кувайт) — «Истиқлол (Тоҷикистон) — 4:0

«Ал-Қодсия» (Кувайт) — «Ҷоҳор Дорул Такзим» (Малайзия) — 3:1

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

20 октябр (сешанбе)

«Ҷоҳор Дорул Такзим» (Малайзия) — «Ал-Қодсия» (Кувайт)

21 октябр (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) — СК «Кувайт» (Кувайт).