Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки аз 19 то 27 май дар маҷмааи варзишии «Барис - Арена»-и Остона, пойтахти Қазоқистон, баргузор мешавад, беш аз 320 варзишгар аз 73 кишвар ширкат меварзад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпииҷумҳурӣ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфузтарини ҷаҳонӣ ду муштзан – Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқайнарова – намояндагӣ мекунанд.

 Бобоҷон Маҳмадрасулов, дабири кулли Федератсияи бокси Тоҷикистон, рӯзи 18 май дар ин робита гуфтааст: "Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон, дар вазни то 60 кило ва Шоира Зулқайнарова, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, дар вазни то 75 кило рақобат мекунанд. Варзишгарон ба ҷуз унвони қаҳрамонӣ ва медалҳо, инчунин дар се вазн (-51, -60 ва -75 кг) барои 12 роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд. Яъне муштзанҳое, ки мақомҳои ифтихориро ишғол мекунанд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Ин охирин имконоти ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ барои бонувони муштзан маҳсуб мешавад».

Ба иттилои Маҳмадрасулов дар даври муқаддамотӣ Мавзуна Чориева бо варзишгари Тайван Вен-Линг Чен бегоҳи панҷшанбеи 19 май вориди рақобат мешавад. Дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило ҳамагӣ 47 муштзан иштирок мекунад. Шоира Зулқайнарова бошад, 19 май, баъди нисфирӯзӣ, дар нахустин даври мусобиқа бо Сараҳ Шеурих аз Олмон қувваозмоӣ хоҳад кард. Дар рақобатҳо дар вазни то 75 кило ҳамагӣ 34 муштзан ширкат меварзад.

Гуфта мешавад, маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар маҷмааи "Барис – Арена”-и Остона бегоҳи 19 май баргузор хоҳад шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ба назари коршиносон дар байни муддаиёни аслии медалҳои тиллои қаҳрамонии ҷаҳон чунин муштзанҳои маъруф, ба монанди Кэти Тэйлор (Ирландия), Мэри Ком (Ҳиндустон), Кларисса Шилдс (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), қаҳрамони олимпӣ Никола Адамс (Британияи Кабир) ва Жэн Тзантзан (Чин) ҳастанд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки намояндагони Урдун, Мозамбик ва Серра-Леоне барои аввалин бор дар чунин мусобиқа ширкат меварзанд.