Муштзани машҳури тоҷик Мавзуна Чориева дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар Остонаи Қазоқистон ҷараён дорад, бегоҳи 21 май дар даври дувум дар вазни то 60 кило аз рақибаш Яна Алексеевна аз Озарбойҷон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Мавзуна дар даври муқаддамотӣ бар Вен-Линг Чен аз Тайван бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда буд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба ин тартиб, Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон, аз ҳаққи идомаи мубориза барои роҳхат ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳрум гашт.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки 19 май дар маҷмааи варзишии «Барис - Арена»-и Остона, пойтахти Қазоқистон, оғоз ёфт, Тоҷикистонро ду варзишгар намояндагӣ карда, ҳарду ноком шуданд.

Муштзани дигари тоҷик Шоира Зулқайнарова дар рӯзи аввали мусобиқа, 19 май, дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 75 кило қувваозмоиро ба рақибаш Сара Шеурихаз Олмон бохт. 43 сония пеш аз хотимаи раунди севум муштзани олмонӣ Шоираро бо зарбаи фаннӣ шикаст дод ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Ба ин тартиб, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқайнарова аз шонси охирини ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 истифода карда натавонистанд.

Ин мусобиқаи пурнуфузтарини ҷаҳонӣ бо ширкати беш аз 300 варзишгар аз 73 кишвар дар пойтахти Қазоқистон то рӯзи 27 май идома хоҳад кард.