Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи дуюми мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон - 12-уми ноябр, ки дар шаҳри Софияи Булғористон ҷараён дорад, боз як медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Ҳамроз Раҷабов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило мақоми севумро соҳиб шуд ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар ин вазн Олег Бабгоев (Русия), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Ливон Нахутсришвили (Гурҷистон) ғолиб шуд, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.
Ёдрас мешавад, ки гуштигирони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар Булғористон рӯзи ҷумъаи 11-уми ноябр барпо гардид, дар риштаи самбои варзишӣ бо ду медал сарфароз гаштанд. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ва Ҷомии Ҳасанӣ дар вазни то 52 кило барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста