Паҳлавони навраси кишвар Ҷаҳонгир Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон (European Judo Union), ки 1-2 апрел дар шаҳри Тулаи Русия баргузор шуд, медали тилло ба даст овард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81 килограмм бар Мансур Лорсанов (Русия), Избассар Ералиев (Қазоқистон) ва Размик Барави (Русия) ғолиб шуда, ба финал баромад. Дар қувваозмоии ниҳоӣ Гоча Гвачлианиро аз Гурҷистон шикаст дод.

Гуфта мешавад, ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 11 варзишгар дохил буданд, вале даҳ нафари дигар дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Зикр мегардад, ки дар мусобиқа дар маҷмӯъ 323 варзишгар (207 писар ва 116 духтар) аз 16 кишвар иштирок доштанд. Дар ҳисоби даставӣ варзишгарони Русия бо 41 медал (10 тилло, 12 нуқра ва 19 биринҷӣ) ғолиб шуданд. Дастаи мунтахаби Гурҷистон (2-3-1) ҷойи дуюм ва Италия (2-0-3) ҷойи сеюмро ба даст оварданд. Дастаи Тоҷикистон бо 1 медали тилло баъд аз Беларус (1-0-2) ҷойи 5-умро соҳиб шуд.