Ҷудокори тоҷик Иброҳимҷон Элмуродов дар мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон дар Алмато (Қазоқистон) дар вазни зиёда аз 100 кг ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид.

Тавре Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад, боз як намояндаи Тоҷикистон Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81 кг) медали биринҷӣ гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ба сурати умум 13 варзишгар - 7 наврас ва 6 ҷавон намояндагӣ карданд.

Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа дастаи Тоҷикистон ба дарёфти 5 медал - 4 биринҷӣ ва 1 тилло ноил гардид.

Иброҳимҷон Элмуродов
Сурат: Федератсияи ҷудои ҶТ

Дар рӯзи аввали мусобиқа се ҷудокор аз Тоҷикистон - Лоик Қутбудинов (55 кг), Ворис Назаров (66 кг) ва Аминҷон Абдуҷалилзода (73 кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон дар Алмато аз 7 то 9 апрел баргузор шуд.

Сурат аз Федератсияи ҷудои ҶТ

Ин мусобиқа яке аз бонуфузтарин дар минтақа арзёбӣ шуда, барои иштирок дар он варзишгарони беҳтарин гирдиҳам меоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.