Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар Бозиҳои Осиё дар Ханчжоуи Чин ва мусобиқаи Тоскулоҳи Бузург дар Боку муайян шуд.

Тавре ки Федератсияи миллии ҷудои кишвар хабар медиҳад, дар Бозиҳои Осиё, ки 19 сентябр оғоз мешаванд, Тоҷикистонро 11 ҷудокор - 7 мард ва 4 зан намояндагӣ мекунанд.

Ба ҳайати мунтахаб инҳо дохил шуданд: Меҳрзод Сӯфиев (то 60 кг), Обид Ҷебов (то 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (то 81 кг), Комроншоҳ Устопириён (то 90 кг), Исроил Раҳимов (то 100 кг), Темур Раҳимов (+ 100 кг),  Мадина Қурбонзода (то 48 кг), Аҳлия Муминова (то 52 кг), Фазилат Гулбоева (то 57 кг) ва Мавлуда Одинаева (то 57 кг).

Мусобиқаҳо дар доираи Бозиҳои Осиё рӯзҳои 24-27 сентябр дар маҷмааи варзишии Olympic Sports Expo Center дар Ханчжоуи Чин доир мегардад.

Ғайр аз ин, ба мусобиқаи Тоскулоҳи Бузург дар Боку, ки рӯзҳои 22-24 сентябр баргузор мешавад, Федератсия 7 ҷудокорро мефиристад: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (то 60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (то 66 кг),  Маҳмадшариф Наҷмиддинов (то 73 кг),  Шодмон Ризоев (то 81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (то 90 кг), Мансур Раҳмон (зиёда аз 100 кг) ва Шакар Мирмамадов (зиёда аз  100 кг).

Айни замон ҷудокорони тоҷик дар ҷамъомади байнулмилалии тамрину машқ дар Тошканд иштирок доранд, ки  беҳтарин варзишгаронро аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон Молдова Исроил, Туркия ва бисёре кишварҳои дигар гирдиҳам овардааст.

Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон, ки зиёда аз 30 варзишгар ба ҳайати он шомиланд, ба ин ҷамъомади тамринӣ бо раҳбарии мутахассиси Ҷопон Тамура Тори рафтааст.

Ҳадаф аз ин ҷамъомади тамринӣ омодагӣ ба Бозиҳои Осиё дар Ханчжоу, мусобиқаи Тоскулоҳи Бузург дар Боку ва Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар Португалия (рӯзҳои 4-7 октябр) унвон мешавад.

“Бо анҷоми ҷамъомад дар Тошканд ҷудокорони тими мунтахаб аз 11 то 18 сентябр омодагиро дар Душанбе идома медиҳанд, то ки ба мусобиқа бо омодагии хуб раванд”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти Федератсияи миллии ҷудои ҷумҳурӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.