Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз, 19-уми октябр, ғолибони Бозиҳои 19-умин осиёиро ба ҳузур пазируфт.

Вай варзишгаронро бо ба даст овардани медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-умин осиёӣ дар шаҳри Ханчжоуи Чин табрик гуфт.

Шаҳрдори Душанбе ба Сомон Маҳмадбеков, ки рӯзи 25-уми сентябр дар мусобиқоти дзюдо дар Бозиҳои осиёӣ дар Ханчжоуи Чин медали тилло ба даст овард, калиди манзили 3 - ҳуҷрагӣ дар пойтахтро тақдим кард.

Калиди манзили 3- ҳуҷрагӣ дар пойтахт ба муштзани тоҷик Давлат Болтаев, ки низ соҳиби медали тилло шуд, тақдим гардид.

Инчунин ба Темур Раҳимов калиди хонаи 2- ҳуҷрадор дар пойтахт тақдим карда шуд.

Ба Беҳрӯз Хоҷазода, Миҷгона Самадова, Хайрандеш Муродзода ва  Ҳақназар Назаров калиди хонаи якҳуҷрадорро супорид.

Хотиррасон мекунем, ки Бозиҳои XIX Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханчжоуи музофоти Чжетсзяни Чин баргузор гардида, дар ин бозиҳо Тоҷикистонро 100 варзишгар намояндагӣ  намуд.

Варзишгарони тоҷик дар умум соҳиби 7 медал – 2 тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ гардид.

Мусобиқаҳо дар 54 майдони варзишӣ дар Ханчжоу ва 5 шаҳри музофоти Чжетсзян - Нинбо, Вэнчжоу, Сзинхуа, Шаосине ва Хучжоу доир гардиданд.

Бозиҳои Осиё шурӯъ аз соли 1952 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш медали тилло, 6-тоаш - нуқра ва 17-тоаш биринҷӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.