Муҳаммад Наимов, размикори тоҷики ММА дар рақобати навбатиаш дар UFC Эрик Силва, размикор аз Венесуеларо дар 44 сония мағлуб карда, пирӯзӣ ба даст овард.

Ин пирӯзии сеюми размикори тоҷик дар ташкилоти бонуфузи UFC мебошад.

Пас аз пирӯзӣ Наимов перомуни баромадҳояш дар ташкилоти бонуфузи UFC ибрози назар кард. Ӯ гуфт, ки ҳозир аст бо панҷгонаи беҳтарин размикорони бонуфузи UFC рақобат кунад.

“Ман тайёрам барои Tоп-15. Худи ҳозир. Топ-10, Топ-5… Ман боварӣ дорам, ки ҳозир метавонам бароям. Ман мехоҳам бо дилхоҳ размкоре биҷангам дар ин вазн!”, - гуфт Наимов.

Рақобати Fight Night 237 рӯзи 25-уми феврал дар шаҳри Мехико баргузор гашт.

Акс аз сомонаи UFC

Қаблан Муҳаммад Наимов дар UFC 294 дар шаҳри Абу-Дабӣ бар размикори англис Натаниэл Вуд (20-6) ғалаба карда буд.

Дар рақобати дебютиаш бошад, Муҳаммад Наимов бар Ҷейми Малларки аз Австралия пирӯз шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммад Наимов 29 сол дорад ва дар корномаи варзишиаш дар намуди муҳорибаҳои омехта, 13 мубориза гузаронда, дар 11-тои он ғалаба кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.