Кӯлоб. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаш моҳи соли ҷорӣ шӯъбаҳои «Амонатбонк» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯи ҳамаи намуд ба маблағи 17 млн. 647 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 баробар зиёдтар аст.
Мудири шӯъбаи минтақавии бонк Иззатулло Раҳмонов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки соли равон ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷӯҳи бештар дода шуда, 73 фоиз ё худ 12 млн. 987 ҳазор сомонии маблағи умумии қарз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва иҷоракорон дода шудааст, ки 64 ҳазор сомонӣ аз он ба истеҳсоли пахта ва 4 млн. 923 ҳазор ба парвариши дигар зироати кишоварзӣ ҷудо шудааст.
И.Раҳмонов мегӯяд, ки аз маблағи қарзҳо танҳо 6 млн. 576 ҳазор сомониаш маблағҳои ҷудокардаи Вазорати молияи ҷумҳурӣ мебошанд, боқимонда воситаҳои молиявии бевоситаи бонканд ва ин гувоҳи он аст, ки фаъолияти «Амонатбонк» дар минтақа
дар ҳоли рушду тавсиа қарор дорад.
Мавсуф зикр кард, ки ҳамаи нишондиҳандаҳои бонк дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 баробар афзуда, интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ ба минтақа тавассути «Амонатбонк» 4,2 баробар зиёдтар шудаанд.
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста