Агар дар ҷумҳурӣ ба масъалаи истифодаи энергияи бодӣ ба таври ҷиддӣ машғул мешуданд, як қатор маҳаллаҳои аҳолинишинро бо нерӯи барқи бодӣ таъмин кардан мумкин буд, - изҳор кард узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи МН МО ҶТ, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов.

«Дар қаламрави кишвар мавзеъҳое мавҷуданд, ки дар онҳо метавон тавассути истгоҳҳои электрикии бодӣ нерӯи барқ истеҳсол намуд, - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Ш.Шабдолов. – Масалан, дар баъзе мавзеъҳои вилояти Суғд, минтақаи шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои Файзободу Мӯъминобод ва Шӯроободи вилояти Хатлон ҳамеша шамоли доимӣ мавҷуд аст ва дар ин ҷойҳо метавон истгоҳҳои барқии бодӣ бо иқтидори бузург бунёд намуда, эҳтиёҷоти аҳолӣ ба нерӯи барқро пурра қонеъ сохт».

Раиси ҲКТ мегӯяд, лекин дар Тоҷикистон касе ба масъалаи истифодаи энергияи бодӣ ҷиддӣ машғул нест. «Дар замони шӯравӣ баъзе корҳо дар ин самт анҷом дода шуда буданд, вале бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеҷ кас сари ин масъала кор намекунад, - гуфт энергетик. – Мо то ҳанӯз харитаи қаламраверо, ки дар он доимо шамол мавҷуд аст, дар даст надорем. Дар ин самт корҳои зиёдеро мебояд анҷом дод, вале мутахассисони мо то ба ҳол ба он оғоз накардаанд. Бархе аз олимон ба баррасии ҷидии ин масъала кӯшиш карданд, вале касе ба онҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир накард».

Ш.Шабдолов таъкид кард, ки айни замон дар ноҳияҳои Файзободу Мӯъминобод дар ин самт корҳои таҷрибавӣ гузаронида мешаванд, аммо барои омӯзиши соҳаи мазкур воситаҳо ҳам нокофӣ буда, сохторҳои дахлдор ҳам чандон хоҳише надоранд.

Номбурда зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ барои бунёди истгоҳҳои барқии бодӣ заминаи қонунгузорӣ мавҷуд аст, зеро аввали соли 2010 Қонуни ҶТ «Дар бораи истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия» қабул шуда, он аз ҷумла муносиботи ҳуқуқӣ миёни мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дар бахши энергетикаи бодиро танзим мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар як қатор кишварҳои дунё истеҳсоли нерӯи барқ бо истифода аз шамол босуръат дар ҳоли афзоиш аст. Аз ҷумла, соли 2010 дар Дания тавассути генераторҳои бодӣ 20%, дар Португалия – 16%, Ирландия – 14%, Испания – 13% ва Олмон – 8% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқ истеҳсол шудааст.

Соли 2010 80 кишвари ҷаҳон нерӯи барқи аз истгоҳҳои бодӣ тавлидшударо бо мақсади тиҷорат истифода кардаанд.