Семоҳаи аввали соли равон дар амалисозии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-обии «Роғун» 20 ширкати хориҷӣ иширок карданд. Ба сохтмони иншооти мазкур 14 ташкилоти паймонкор аз Русия, 4 ширкат аз Украина, ҶСК «ТВЕА»-и Чин ва ҳамчунин ширкати «Geokon Inc» ҷалб гардиданд.

Бино ба маълумоти ҶСК «НБО Роғун», дар ин давра ширкатҳои хориҷӣ асосан ба таъминоти нерӯгоҳ бо таҷҳизот ва ширкатҳои Русияву Украина ҳамчунин ба баргузории корҳои лоиҳавӣ-ҷустуҷӯйӣ ва пешниҳоди хизматгузории муҳандисӣ машғул будаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар семоҳаи аввали соли равон маблағи умумии воситаҳои барои сохтмони иншоот ҷалбшуда ҳудуди 282 млн. сомониро ташкил додааст.

Аз оғози корҳои барқароркунӣ тӯли солҳои 2007-2010 аз буҷети давлатӣ ба сохтмони иншоои мазкур беш аз 1 млрд. 325 млн. сомонӣ маблағ равона гардидааст. Соли 2011 ҳаҷми маблағгузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳудуди 813 млн. сомонӣ ва дар семоҳаи аввали соли равон наздик ба 245 млн. сомониро ташкил дод.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2010 нашр ва ҷойгиркунии саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НОБ-и Роғун» амалӣ гардид. Ба аввали моҳи апрели соли равон аз ҳисоби фурӯши саҳмия ва сертификатҳо ба суратҳисоби ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун» дар Маркази хазинадории Вазорати молия ва бонкҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 805 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид.

Аз ҳисоби ин маблағҳо шурӯъ аз соли 2010 ба сохтмони иншоот зиёда аз 202 млн. сомонӣ маблағ равона гардид.Ҳамчунин аз ҳисоби воситаҳо ба сифати кӯмак тақрибан 28,8 млн. сомонӣ ва фоизҳо барои суратҳисобҳои депозитӣ 28,5 млн. сомонӣ маблағ ворид шуд. Арзиши умумии сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар ҳаҷми 2,2 млрд. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.