Бонки осиёгии рушд (БОР) барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон 6 млн. $ маблағи бурсӣ ҷудо мекунад.

Тавре аз намояндагии БОР дар ҶТ хабар доданд, ин бурс ба Тоҷикистон барои омодагӣ ва имкони бартараф сохтани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим кӯмак мерасонад.

«Дар муддати кӯтоҳ ин барнома ба бунёди имконоти техникӣ ҷиҳати омодасозии пешгӯии обуҳаво, маълумот дар бораи тағйирёбии иқлим ва минбаъд дарки беҳтари равандҳои тағйирёбии иқлим ва ҳалли мушкилоти он кӯмак мерасонад», - изҳор доштааст роҳбари шуъба оид ба муҳити зист, захираҳои табиӣ ва кишоварзии Департаменти БОР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Макото Оҷиро.

Тайи чанд даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон рух додани офатҳои табиӣ бамаротиб афзуда, ба аҳолӣ, низоми таъминоти об, бахши кишоварзӣ ва зерсохтор хатари ҷиддӣ эҷод месозад.

Барномаи бунёди имконот оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар таҳияи нақшаи миллии ҳалли хавфи тағйири иқлим ва ташкили низоми мониторинг барои баҳодиҳӣ ба пешравӣ дар мутобиқшшавӣ ба он мусоидат менамояд. Хадамоти давлатии обуҳавошиносӣ дар самти механизми моделикунонии иқлим ва омодасозии маълумоти саҳеҳу боэътимод дар бораи обуҳаво ва иқлим, ки аз он корбарон битавонанд бемалолу озодона истифода кунанд, дастгирӣ хоҳад ёфт.

Ҳамчунин ба мақомоти давлатӣ барои таҷдиди дастурҳои техникӣ ва таҳияи чораҳо оид ба пешгирии талафот бар асари тағйироти иқлим кӯмак пешниҳод карда мешавад. Ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва гурӯҳҳои осебпазир низ дар таҳияи стратегияи маҳаллӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дастгирӣ мешаванд. Барои истифодаи пурсамари захираву имконоти молиявӣ, мақомоти маҳаллии дорои кормандони аз омӯзиши дахлдор гузашта ва қобилияти идоракунии беҳтари воситаҳои молиявӣ таъсис дода мешавад.