Дар ҳошияи маҷлиси солонаи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор дар пойтахти Ҷопон вохӯрии вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо раиси Раёсати Бонки авруосиёёи рушд (БАОР) Игор Финогенов доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БАОР, зимни мулоқот И.Финогенов изҳор кардааст, ки БАОР ба роҳандозии фаъолияти бузургмиқёс дар Тоҷикистон омода буда, дар истифодаи ҳарчи бештар густардаи имконоти бонк дар ҷумҳурӣ бо дастгирии ҳукумат манфиатдор аст.

Аз ҷумла, ӯ зикр кардааст, ки БАОР лоиҳаҳои таҷдиди нерӯгоҳи «Норак» ва шабакаҳои обёрӣ дар қисмати тоҷикистонии водии Фарғонаро мавриди омӯзиш қарор додааст.

Бонки авруосиёии рушд соли 2006 аз ҷониби Русияву Қазоқистон бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисоди бозаргонии кишварҳои узв, рушди устувори иқтисодии онҳо ва тавсеаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ таъсис дода шудааст. Ҳаҷми сармояи оинномавии БАОР зиёда аз 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, Арманистону Белорус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон аъзои он мебошанд.