Корхонаҳои бузурги истеҳсоли тилои Тоҷикистон ба харидории сианиди натрияи истеҳсоли Қазоқистон таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Агентии миллии содирот ва сармоягузории «Kaznex Invest», «Ширкати муттаҳидаи кимиёвӣ» (ба Бунёди некӯаҳволии миллии «Самрук-Қазин» шомил аст) бо ширкатҳои истихроҷи тилои «Зарафшон» ва «Апрелевка» дар хусуси таъмин намудани онҳо бо ин навъи маҳсулоти кимиёвӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст.

Ба иттилои манбаъ, содироти маҳсулот аз Қазоқистон ахири соли 2014, бо мавриди истифода қарор гирифтани як корхона дар шаҳри Шуи вилояти Ҷамбул оғоз мегардад, ки иқтидори он истеҳсоли 25 ҳазор тонна сианиди натрий дар як солро ташкил хоҳад дод.

«Дар минтақаи мо сианиди натрий барои гирифтани тилову нуқра аз маъдан истифода мегардад ва бо назардошти дурнамои афзоиши истеҳсоли тило, ҳадафи мо дар ин марҳила имзои қарордодҳои дарозмуддат барои содирот аст», - изҳор доштаст яке аз роҳбарони ширкати Қазоқистон Асхат Омаров.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон беш аз 30 адад конҳои тило мавҷуданд, ки тибқи пешгӯии коршиносон, дорои ҳудуди 450 тонна тилои коркарднашуда мебошанд. Соли 2011 дар Тоҷикистон беш аз 2,2 тонна тило ва 1,7 тонна нуқра истеҳсол шуд.