Дар Тоҷикистон тарофаҳои зангҳои содиротӣ ба Русия тавассути алоқаи мобилӣ меафзоянд.
Арзиши як дақиқаи гуфтугӯ тавассути ҳамаи ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон бо муштариёни тамоми операторони алоқаи мобилии Русия ягона – 0,12 $ (бо назардошти ААИ ва 3%-и андози аксизӣ) муқаррар гардид.
Боло бурдани тарофаҳои зангҳои содиротӣ бо мақсади иҷрои фармоиши Хадамоти зиддиниҳисорӣ ва Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ сурат мегирад. Ин фармоиш ҳанӯз моҳи майи соли 2011 рӯйи кор омада буд, вале дар муҳлати мукарраршуда ба иҷро нарасида, барои он ширкатҳои алоқаи мобилӣ ҷаримабандӣ шуда буданд.
Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ, ин дастурро бояд чор ширкати пешрафтаи алоқаи мобилии ҷумҳурӣ – «Мегафон-Тоҷикистон», Babilon-M, Tcell ва «Таком» (Beeline) ба иҷро расонанд.
Раиси Асссотсиатсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон Ғафур Эркаев бар ин назар аст, ки тарофаи мукаррашуда 12 сент барои зангҳои содиротӣ воқеӣ буда, ба арзиши аслии он баробар аст. «Аз оғози роҳандозии алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон арзиши зангҳо танҳо тамоили поинравӣ дошт ва ширкатҳо дарк намуданд, ки минбаъд чунин фаъолият доштан ғайриимкон буда, ҳар як занги содиротӣ бояд ба арзиши аслиаш баробар бошад», - гуфт вай.
Роҳбари хадамоти робита бо ҷомеаи ҶСП «ТТ-Мобайл» (Мегафон-Тоҷикистон) Кармэн Еткеева дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки «мо огаҳем, ки муштариёни аз Русия ба Тоҷикистон ва ё аз Тоҷикистон ба Русия зангзананда афроди доро нестанд ва хароҷоти худро ҳисоб мекунанд. «Албатта, ин ба нуфузи ширкат ва нишондиҳандаҳои тиҷоратӣ бетаъсир нахоҳад буд, вале дастури расмӣ вуҷуд дорад ва мо онро бояд ба иҷро расонем», - иброз дошт ӯ.
Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ изҳор карданд, ки ин чораҳо ба хотири пешгирии арзиши инҳисории паст ё баланд барои алоқаи мобилӣ андешида мешаванд. «Зимни таҳлили бозори алоқаи мобилӣ маълум шуд, ки чанде аз ширкатҳои дорои қароргоҳи асосӣ дар Русия бо истифода аз мавқеи мусоиди худ арзиши зангҳоро паст намуданд ва бо ин амал операторони дигари алоқаи мобилиро дар мавқеи нобаробар гузошта, қонунгузории зиддинҳисориро риоя накардаанд», - гуфтанд дар хадамоти мазкур.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста