Чанде қабл дар шаҳри Душанбе байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Ширкати байналмилалии машваратии «Зайд Иброҳим ва Ко» оид ба рушди бонкдории исломӣ (Малайзия) шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, тибқи шартномаи номбурда коршиносони ин ширкат барои вусъати низоми бонкӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия менамоянд.
Қобили зикр аст, ки фаъолияти бонкҳо зимни амали бонкдории исломӣ бояд ба меъёрҳои дини ислом мувофиқат намояд. Асоси тиҷорати бонки маъмулӣ, ки додани қарз бо фоиз аст, мустақиман тибқи Қуръон ҳамчун судхӯрӣ манъ шудааст. Тамоми дороиҳои бонкҳои исломӣ дар шакли сармоягузориҳои дарозмуҳлат ва ба истилоҳ коғазҳои «дароз» (масалан облигатсияҳои муҳлати пардохташон хеле дарозмуҳлат) нигоҳ дошта мешаванд.
Нахустин бонкҳои исломӣ солҳои 60-уми асри XX ифтитоҳ гардида, рушди фаъолияти онҳо аз аввали солҳои 70-ум шурӯъ шуд. Имрӯз бонкҳои исломӣ дар 40 кишвари дунё, аз ҷумла давлатҳои Ғарб низ фаъолият доранд.
«Зайд Иброҳим ва Ко» нахустин шабакаи ҳамгироишудаи пешниҳоди хизматгузориҳои ҳуқуқӣ ва дигар хизматгузориҳои марбут ба он дар минтақаи Уқёнус (Океания) аст. Ширкат дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ, хизматгузориҳои консалтингӣ, аз ҷумла машваратҳо дар бахши бонкдории исломӣ маҷмӯи васеи хизматгузориҳоро пешниҳод менамояд.
Қароргоҳи марказии ширкати «Зайд Иброҳим ва Ко» дар шаҳри Куала-Лумпур (Сингапур) воқеъ аст. Намояндагиҳои ширкат ҳамчунин дар шаҳрҳои Ҷакарта, Бангкок, Ҳошимин, Дубай, Сидней ва Мелбурн фаъолият доранд.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста