Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» зикр мегардад, ки тамоили болоравии қимати гандуму орд дар саросари ҷумҳурӣ идома меёбад.

Дар гузориш гуфта мешавад, болоравии арзиши гандуму орд дар Тоҷикистон ба қимати баланди ин маҳсулот дар Қазоқистон, афзоиши минбаъдаи талаботи аҳолӣ ба он ва дар ин замина коҳиши захираҳои дохилӣ вобаста аст.

Бино ба маълумоти дар гузориш овардашуда, аз аввали моҳи июн то охири моҳи октябр қимати орди гандум дар Душанбе ба андозаи 33%, Қӯрғонтеппа – 35% ва Хуҷанд – 72% боло рафтаанд. Аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ нархи як килои навъи якуми орди гандум дар бозорҳои Душанбе – 3,30 сомонӣ, Қӯрғонтеппа – 3,50 сомонӣ ва Хуҷанд – 3,10 сомонӣ баробар буд.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки дар муқоиса бо моҳи сентябр моҳи октябр қимати орди гандум дар Ғарму Хоруғ босуръат боло рафта, айни замон дар бозорҳои ин манотиқ арзиши як кило орди гандуми навъи якум ба 3,60 сомонӣ расидааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи октябри соли равон ба Тоҷикистон беш аз 38 ҳазор тонна орд ва 86 ҳазор тонна гандум ворид карда шудааст. Дар маҷмӯъ аз оғози соли равон ба ҷумҳурӣ тақрибан 290 ҳазор тонна орд ва зиёда аз 600 ҳазор тонна гандум ворид гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки орду гандум ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид гардида, аз ҳаҷми умумии воридоти ин маҳсулот беш аз 90%-аш ба ин кишвар рост меояд.