Рӯзҳои 28-29-уми декабр дар тамоми марказҳои маъмурӣ ва пойтахти кишвар ярмарка-фурӯши ҷумҳуриявии маҳсулоти ниёзи аввалия доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии захираҳои моддӣ ва хариди давлатии Тоҷикистон хабар доданд, дар ярмарка орд, шакар, биринҷ, равғани рустанӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.

«Ин маҳсулот аз захираҳои давлатӣ ба фурӯш гузошта намешавад, зеро барои ин қарори ҳукумат зарур аст. Маҳсулот аз ҷониби сохторҳои тиҷоратии Агентӣ, ки ба воридот ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия машғуланд, ба фурӯш бароварда мешавад», - гуфтанд дар Агентӣ.

Зимнан зикр гардид, ки нархи маҳсулоти ярмарка дар муқоиса бо нархи бозор 10-15% поинтар буда, дар пойтахт ярмарка маъмулан дар қаламрави бозори Қарияи Боло гузаронида мешавад.