Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе роҳбари департаменти иттилооту таҳлили Ширкати Алюминии тоҷик (ТАЛКО) Игор Сатторов коҳиши ҳаҷми истеҳсоли алюминийро дар соли гузашта ба поинравии қобили мулоҳизаи сатҳи нархҳои ҷаҳонӣ ба он мансуб донист.
Ба қавли вай, ҳанӯз аввали соли 2012 мутахассисони ширкат пешгӯӣ карда буданд, ки буҳрони ҷаҳонии соҳаи истеҳсоли алюминий, ки соли 2008 шурӯъ гардида буд, натанҳо суст намешавад, балки тамоили рушди минбаъдаро ба худ касб намуда, дар вазъи мавҷуд набудани нархҳои устувор ба алюминий, коҳиши он дар саросари ҷаҳон ба андозаи 10-12 % хоҳад буд.
«Мутассифона, пешгӯиҳои мо дар соли 2012 ҷомаи амал пӯшида, тибқи маълумоти Биржаи металлҳои Лондон, соли гузашта нархи баландтарин ба 1 тонна алюминий 2 ҳазору 203 ва нархи пасттарин – 1 ҳазору 793 доллари ИМА-ро ташкил доданд», - иброз дошт Сатторов.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин робита моҳи ноябри соли гузашта ТАЛКО расман изҳор дошт, ки то ахири сол аз нақшаи пешбинишудаи 281 ҳазор тонна ҳаҷми истеҳсол 3% коҳиш меёбад.
«Гузашта аз ин, моро ба қабули ин қарор ҳамчунин омилҳое чун афзоиши назарраси нархи ашёи хоми асосӣ, болоравии тарофаҳои хизматгузориҳои роҳи оҳан (ба 125%) водор карданд, ки нисбат ба соли 2011 ҳаҷми хароҷоти иловагӣ қариб 50 млн. доллари ИМА ва ҳиссаи хароҷоти нақлиёт дар истеҳсоли алюминий беш аз 30% аз арзиши аслии маҳсулотро ташкил доданд», - изҳор кард Сатторов.
Номбурда таъкид кард, ки ба коҳиши ҳаҷми истеҳсоли алюминий ҳамчунин номунтазамии таъминоти корхона бо гази табиӣ аз ҷониби Ӯзбекистон низ таъсир расонид, ки он ширкатро ба коҳиши ҳаҷми истеҳсол аз моҳи сентябр водор кард.
«Ҳамаи омилҳои зикршуда ва ҳамчунин хароҷоти ғайринақшавӣ ба он боис гардиданд, ки ҳаҷми хароҷот ба истеҳсоли ҳар як тонна алюминий то 400 доллари ИМА зиёд шуд», - гуфт намояндаи ТАЛКО.
Сатторов хотиррасон намуд, ки соли 2012 ҳаҷми умумии истеҳсоли алюминии хом дар ширкат 275 ҳазор ва алюминии аввалия 272 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2011 ба андозаи 2% камтар аст.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста