Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ҷиҳати тасвиби Созишномаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ миёни Тоҷикистону Русия бидуни боҷи содиротӣ супориш ба имзо расонид. Дар ин бора Агентии иттилоотии «Росбалт» хабар медиҳад.

Мувофиқи лоиҳаи созишнома, Русия Тоҷикистонро бо маҳсулоти нафтии бидуни боҷи содиротӣ дар ҳаҷме таъмин хоҳад кард, ки барои истеъмоли дохили кишвар зарур аст. То 1 октябри ҳар сол ҷонибҳо тавозуни истеъмоли дохилии Тоҷикистонро ба ин маҳсулот мувофиқа месозанд. Аз сӯзишвории аз тавозун барзиёд таҳвилшуда боҷ ситонида мешавад.

Ҳамчунин маҳсулоти нафтии бидуни боҷи содиротӣ ба Тоҷикистон воридшудаи Русия набояд ба кишварҳои сеюм дубора содирот (реэкспорт) шавад. Манъи содироти дубора ба маҳсулоти нафтие низ дахл хоҳад дошт, ки аз кишварҳои дигари узви Иттиҳоди гумрукӣ ба Тоҷикистон ворид мегарданд.

Имзои созишномаи мазкур зимни сафари муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов ба Тоҷикистон санаи 13-уми феврали соли равон дар назар аст. Дар ҷараёни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе моҳи октябри соли 2012 дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ тавофуқ ҳосил шуда буд.