Пас аз авҷи болоравии нархи сӯзишворӣ дар Душанбе дар моҳи ноябри соли гузашта айни замон дар нуқтаҳои фурӯш он бо нишондиҳандаҳои дурақама поин меравад.
Нархи чакана ба бензини “навъи маъмулӣ” миёни мардум (АИ-92) аз даҳаи дуюми моҳи ноябри соли гузашта то имрӯз ба андозаи 11,5%, сӯзишвории диделӣ (солярка) - 11,3% ва гази моеъ - 13,3% поин рафт.
Айни замон 1 литр бензин дар нуқтаҳои фурӯши пойтахт 10 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ - 10,20 сомонӣ ва гази моеъ - 6,50 сомонӣ нарх доранд.
Аввали даҳаи дуюми моҳи ноябри соли 2021 замоне, ки нархҳо баъди афзоиши бесобиқа аз оғози сол ба авҷи худ расиданд, арзиши 1 литр бензин дар Душанбе 11,30 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ - 11,50 сомонӣ ва гази моеъ - 7,50 сомониро ташкил медод.
Вазъ дар бозори сӯзишворӣ чӣ гуна буд?
Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳанӯз ним моҳ пеш то тадриҷан поинравии нархи сӯзишворӣ пешгӯйӣ карда буданд, ки аз нимаи дуюми моҳи ноябр арзиши сӯзишворӣ ба эътидол меояд.
Ин пешгӯйии хушбинонаи худро онҳо чунин маънидод карданд, ки маъмулан дар мавсими зимистон бинобар сабаби камшавии талабот ба маводи сӯзишворӣ, қимати онҳо дар як сатҳ боқӣ мемонад ё ҳатто поин меравад ва дар давраи баҳору тирамоҳ вақти корҳои кишоварзӣ боло меравад.
Гап сари он аст, ки дар мавсими баҳору тирамоҳ бо сабаби фаъолшавии корҳо дар бахши кишоварзӣ, талабот ба маводи сӯзишворӣ афзуда, мутаносибан, нархҳо ҳам зиёд мешаванд.
Қобили зикр аст, ки гароншавии маводи сӯзишворӣ аз оғози соли гузашта оғоз гардида, моҳи март суръат гирифт ва қариб то охири моҳи апрел идома ёфт, лекин дар моҳи май вазъ дар бозор ба эътидол омада, нархҳо ҳатто каме поин рафтанд.
Тамоили нави афзоиши қимати маводи сӯзишворӣ дар моҳи июн оғоз гардида, то нимаи моҳи ноябр идома ёфт ва сипас ҷараёни поинравии он шурӯъ шуд.
Болоравии назарраси маводи сӯхтро ширкатҳои воридкунанда афзоиши нархгузории нафт дар саросари ҷаҳон, нархҳои фурӯши корхонаҳои коркард, инчунин тибқи нақша барои таъмир аз фаъолият бозмондани корхонаҳои коркарди нафт дар Русия ва Қазоқистон, ки ҳудуди 95%-и сӯзишворӣ аз ин кишварҳо оварда мешавад, маънидод мекунанд.
Ғайр аз ин, зикр шуд, ки нархҳо вобаста ба вазъияти марбут ба маҳсулоти нафтӣ дар бозори дохилӣ, яъне камбуд ё барзиёдии он тағйир ёфта метавонанд.
Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, соли 2021 ба Тоҷикистон ҳудуди 620 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки 60% бештар нисбат ба соли пешин (2020) мебошад.
Ҳудуди 87%-и маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ аз Русия, 7,3% - аз Қазоқистон, 2,6% - аз Ӯзбекистон, 2,4% - аз Туркманистон ва боқимонда аз дигар кишварҳо оварда шудааст.
Соли гузашта ба 1 тонна сӯзишворӣ ширкатҳои интиқолдиҳандаи он ба ҳисоби миёна 667 доллар пардохт намудаанд, ки 200 доллар зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста