Аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ  бинои бахши Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон” боз шуд.

Маросими ифтитоҳи иншооти зикршуда дар доираи Форуми байнулмилалии сармоягузории “Помиринвсет-2022” доир гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумита.

Гуфта мешавад, бино бо техника ва таҷҳизоти муосир таъмин буда, барои соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати табодули таҷриба ва маълумот бо тоҷирони муваффақи ватанӣ ва хориҷӣ шароити наву мусоид муҳайё шудааст.

Сурат: investcom.tj

Дар маълумот таъкид мешавад, ки дар ин ҷо барои соҳибкорон кумаки методӣ ва машваратӣ дастрас хоҳад буд.

Қобили зикр аст, ки МД “Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон” дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ охири соли 2018 таъсис дода шуд.

Дар ин марказ соҳибкорон ба истифода аз машваратҳои ҳуқуқӣ, доир ба пардохту расмиёти андоз ва дигар хидматрасониҳои муҳосибӣ ва молиявӣ имкон пайдо мекунанд.

Сурат: investcom.tj

Барои кор дар ин муассиса машваратчиёни касбӣ ҷалб шуда, дар мавриди масоили таъсиси корхона, расмиёти андозбандӣ ва гумрук, тафтишу санҷишҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ, инчунин хидматрасониҳои давлатӣ маълумоту машварат медиҳанд.

 Гуфта мешавад, Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” имконияти мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна дар кишвар буда, он дар баланд бардоштани маърифати соҳибкорӣ ва малакаҳои тиҷоратии ҷавонон саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.