Баланду пастшавии қурби асъори хориҷӣ, мисли рубли русӣ, доллар, евро ва юан нисбат ба сомонӣ ҳамеша боиси нигаронӣ ва ташвиши шаҳрвандони Тоҷикистон мегардад. Махсусан, пастшавии қурби сомонӣ дар баробари ин асъор бевоситаву бавосита ба зиндагии рӯзмарраи аҳолӣ таъсир мерасонад. Аз ин лиҳоз, мо нишондиҳандаҳои қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ дар даҳ соли охир муқоиса карда, баъзе омилҳои баланду пастшавии онро муайян кардем.

Аз 0,08 то 0,18. Чӣ гуна қурби рубли русӣ дар 10 сол тағйир ёфт?

Тибқи маълумоти оморӣ, нишондиҳандаҳои қурби рубли русӣ дар даҳ сол хеле мухталиф аст. Масалан, моҳи феврали соли 2015 қурби рубл нисбат ба сомонӣ хеле коҳиш ёфта, 1 рубл ба 0,08 сомонӣ баробар шуд, ки ин нишондиҳандаи пасттарин дар 10 соли охир ба ҳисоб меравад. 

То соли 2022 қурби рубл дар ҳолати муътадил қарор дошт ва моҳи марти соли 2022 якбора то ба 0,11 сомонӣ коҳиш ёфт. Дар чор моҳи баъдӣ нишондиҳандаҳо якбора боло рафта, моҳи август 1 рубл ба 0,18 сомонӣ расид, ки ин нишондиҳандаи баландтарини рубли русӣ нисбат ба сомонӣ дар даҳ соли охир аст. 

Баъди ин қурби рубл коҳиш ёфта, моҳи июни соли 2023 ба 0,13 баробар гардид. 

 

 

Сабаб: ММД ва таваррум ё баландшавии нархи нафт

Дар байни омилҳое, ки ба қурби асъор таъсири ҷиддӣ мерасонанд, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва таваррум ҷойгоҳи махсус доранд. ММД ва таваррум бо ҳам мутаносиби чаппа буда, таваррум кам шавад, ММД меафзояд ва баръакс таваррум афзоиш ёбад, ММД коҳиш меёбад.

Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодӣ, ки ин равандро пайгирӣ мекунад, бо ишора ба қонуни иқтисоди бозоргонӣ гуфт, ки бо афзоиш ёфтани ММД (иқтисод) таваррум (нархҳои истеъмолӣ) боло меравад, зеро бо рушди иқтисод даромади аҳолӣ зиёд мегардад ва қудрати хариди онҳо афзоиш меёбад. 

Ба гуфтаи ӯ, аз ин нуктаи назар, вақте даромади аҳолӣ боло рафт, талабот дар бозори истеъмолӣ зиёд мегардад ва савдогар нархи молу хизматрасониро боло мебардорад.

“Қурби асъорро фаъолияти иқтисодии беруна (хориҷӣ) муайян мекунад, на дохилӣ. Дар мадди аввал содироту воридот қарор мегирад. Чӣ қадар содирот нисбати воридот камтар бошад, ҳамон қадар пули миллӣ нисбати асъори хориҷӣ беқурб мегардад ва баръакс”, - гуфт ин шореҳи иқтисодӣ.

Аз таҳлили оморӣ маълум гардид, ки соли 2015 дар Русия нишондиҳандаи ММД ба -35,7 дарсад баробар буд, ки ин дар даҳсолаи охир ММД пасттарин дар ин кишвар аст. Сатҳи таваррум бошад дар ин марҳила нисбат ба солҳои дигар хеле баланд -12,9 фисад буда, дар даҳсолаи охир баъди нишондиҳандаи соли 2022 дар ҷойи дуюм меистад. Истеҳсоли пасти ММД ва сатҳи баланди таваррум дар соли 2015 сабаби коҳишёбии қурби рубл гардидааст. 

Таваррум дар Русия соли 2022 ба 17,5 дарсад баробар гардид ва ин нишондиҳандаи баландтарини таваррум дар даҳ соли охир аст. Ҳамзамон сатҳи ММД низ хеле паст шуда, ба 1,7 фисад баробар шуд.  

 

 

Дар ҳамин ҳол, раиси собиқи Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дар мусоҳибае, ки 19 феврали соли 2015 дар сомонаи БМТ нашр гардидааст, сабаби беқурбшавиии рубли русиро ба коҳиши бесобиқаи нархи нафт рабт додааст. 

Зимнан, соли 2022 нархи нафт дар бозори ашёи хоми ҷаҳонӣ баланд гардид, ки дар ин марҳила (моҳи июли соли 2022) қурби рубл низ хеле боло рафт. 

Муҳоҷирони тоҷик, ки дар ин кишвар кор мекунанд, тавассути бонкҳо бо рубли русӣ маблағи зиёд интиқол медиҳанд ва наздикони онҳо дар Тоҷикистон бо қурби ҳамонрӯза маблағи ирсолкардаи онҳоро бо сомонӣ датсрас мекунанд. Агар қурби рубл нисбат ба сомонӣ баланд бошад, барои муҳоҷирон манфиат меоварад, зеро агар дар ҳолати беқурбиаш масалан, 1000 рубл 80 сомонӣ бошад, ҳангоми боло рафтани қурбаш ҳамин 1000 рубл ба 180 сомон баробар мегардад.

Ҷанги Русияву Украина ва таҳримҳои Ғарб ба қурби доллару евро чӣ таъсир расонид?

Омор нишон дод, ки доллари амрикоӣ аз соли 2013 то моҳи апрели соли 2022 мунтазам дар афзоиш буд ва дар ин моҳ 1 доллар ба 12,96 сомонӣ баробар гардид. Дар 4 моҳи оянда бошад, қурби доллар батадриҷ поён рафт ва моҳи август як доллар ба 10,26 сомонӣ расид. Ин ҳолат то моҳи январи соли 2023 (1$=10,21сомонӣ) қариб бетағйир боқӣ монд ва моҳи июни соли 2023 ба 10,91 сомонӣ баробар гардид.

Қурби евро аз доллар фарқияти назаррас надорад, вале баъзе фарқиятҳои ҷузъӣ дида мешаванд. Вале сатҳ якхел аст. Евро низ то соли 2022 дар афзоиш буд ва моҳи апрели соли 2022 ба 14,38 баробар гардид, ки нишондиҳандаи баландтарин дар 10 соли охир аст. Евро низ якбора поён рафт ва моҳи октябри соли 2022 ба 9,99 баробар шуд. Баъдан болоравии тадриҷӣ дида шуд ва моҳи июни соли 2023 ба 11,68 сомонӣ расид.

 

 

Чуноне ки дида мешавад, доллар ва евро ҳарду дар моҳи апрел нишондиҳандаи баланд доштанду баъди моҳи апрели соли 2022 якбора қурби ҳарду поён рафт, ҳатто евро поёнтар.

Баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина “Ғарби дастаҷамъона” алайҳи Русия таҳрирм эълон кард. 

Баъди талаботи роҳбарияти Русия ба кишварҳои Ғарб дар мавриди аз 1 апрел пардохти маблағи гази табиӣ бо рубл ҷаҳиши шадид дар бозори асъор ба амал омад.  

Пештар пардохти гази табиӣ бо евро сурат мегирифт ва баъди ин тақозои Русия муомилоти рубл фаъол гардид. Агар ба омор назар андозем, баръало мебинем, ки аллакай дар моҳи апрел қурби рубл якбора баланд ва арзиши еврову доллар якбора поён рафтааст. Талабот ба асъор ҳар қадар камтар бошад, ҳамон қадар арзиши он поён меравад. Пас, яке аз сабабҳои баланду пастшавии қурби доллару евро ва рубл пайванд ба ин воқеаҳо аст.

Дар ин марҳила бонкҳои Тоҷикистон муваққатан аз хариду фурӯши доллар худдорӣ карданд ва ин ба дили соҳибони пасандозҳо бо доллар таҳлука андохт. 

Тавре дида мешавад, соли 2022 нишондиҳандаҳои ММД-и Амрико баландтарин дар даҳсолаи охир буд. Дар ин ҳангом таваррум нисбат ба ММД дар сатҳи хеле паст қарор дошт. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзоиш ёбад, табиист, ки қурби асъори ҳамон кишвар боло меравад. Вале барои мо нишондиҳандаҳои таваррум ва ММД-и Амрико дар соли 2023 маълум нест, то муқоиса намоем,  ки ҳолат баъдан чӣ ранг гирифт. 

 

 

Чӣ гуна қурби асъорро ба таври сунъӣ болову паст мекунанд?

Ба ақидаи иқтисодшинос Уктам Ҷумаев боло ва поён рафтани қурби асъори миллӣ нисбат ба асъорҳои хориҷӣ метавонад сунъӣ бошад. Ин бо роҳи идоракунии ҳаҷми пул (агрегати М1 ва М2) дар гардиш амалӣ мешавад.

Агрегати М1 ин пули нақде аст, ки дар  бонкҳо нигоҳ дошта  мешавад, мисоли  пасандозҳои мӯҳлатноки муштариёни онҳо, пулҳои дар кортҳо мавҷудбудаи шахсони ҳуқуқиву воқеӣ. Агрегати М2 ин пулҳоест, ки дар суратҳисобҳои бонкии мизоҷони дар бонкҳо нигоҳ дошта мешавад.

Юан ба майдон мебарояд​​​​​​​?

Нишондиҳандаҳои пастшавиву болоравии юан низ бо доллару евро мувофиқат мекунанд. Чун доллар ва евро, қурби юан низ моҳи апрели соли 2022 ба нишондитҳандаи болотарин расид - як юан ба 2,04 сомонӣ. Баъдан якбора поён рафта, моҳи октябри соли 2022 1 юан ба 1,34 сомонӣ баробар гардид. Сониян, боз ба афзоиш рӯ овард ва моҳи июни соли 2023 ба 1,53 баробар шуд. 

 

 

Тавре мушоҳида мешавад, бештари тиҷорати Тоҷикистон бо Чин сурат мегирад. Ба хотири муътадил нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, оё имкони ҳисоббаробаркунии сомонӣ бо юан ва баръакс вуҷуд дорад?

Пайрав Чоршанбиев бар ин назар аст, ки чунин амалро танҳо ба он шарте роҳандозӣ кардан мумкин аст, ки агар воридоти юан ба Тоҷикистон ва  сомонӣ ба Чин пайваста бошад.

“Барои мисол, воридоти рубли русӣ ба Тоҷикистон ба воситаи интиқоли пулии муҳоҷирон хеле зиёд аст ва ин ба мо имконият дод, ки дар як муддати кӯтоҳ бо Русия савдоро аз доллар ба рубл ба роҳ монем. Яъне барои гузаштан ба савдои хориҷӣ ба ин ё он асъор, воридоти пайвастаи ин асъорро дошта бошем. Агар юан дар бозори мо пайдо шавад, савдои дутарафаро бо Чин бе миёнравии доллар бо ин асъор роҳандозӣ кардан мумкин мешавад. Чунин икдом сабаби вобастагии иктисодиётамонро нисбат ба сомонӣ ба доллар боз ҳам камтар мекунад”, - изҳор дошт шореҳи иқтисодӣ.

Нишондиҳандаҳои таварруму ММД-и Хитой бо нишондиҳандаҳои қурби асъораш на чандон мувофиқат мекунад. 

 

 

Дар маҷмуъ, дида мешавад, ки давоми 10 соли охир қурби сомонӣ дар баробари асъорҳои хориҷии рубл, доллар, евро ва юан ба таври назаррас тағйир ёфтааст ва ин тағйирёбӣ бевосита ба зиндагӣ, савдову тиҷорати аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Як нуктаи дигарро бояд зикр кард, ки тағйирёбии қурби асъор ба пардохтпазирии аҳолӣ низ таъсир мерасонад. Аз ҷумла, ин омил метавонад дар пардохти боҷи гумрукиву андозҳо муассир бошад. Зеро боҷи гумрукӣ бо назардошти қурби асъор пардохта мешавад ва агар қурби асъор поён бошад, қобилияти пардохтпазирии аҳолӣ бештар мешавад.

Ҳамин тавр, дар пардохти андозҳо низ. Агар қурби сомонӣ баланд бошад, боз ҳам қобилияти пардохти аҳоли бештар мешавад буҷети кишвар ғанӣ мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.