Дар Тоҷикистон 82 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амалишавӣ қарор дорад, ки маблағи умуииашон 49,1 млрд сомонӣ (4,5 млрд долла)-ро ташкил медиҳад, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 10 август муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода.

Аз ҷумла, 50 лоиҳаи грантӣ, 4 лоиҳаи қарзӣ, инчнуин 28 лоиҳа бо маблағгузории омехта (грант + қарзҳо) амалӣ мешавад.

Зиёда аз 33 млрд сомонӣ (3,2 млрд доллар) ё худ 67,3%-и маблағ барои татбиқи ин лоиҳаҳо кумаки бебозгашт буда, 14,6 млрд сомонӣ (1,3 млрд доллар) ё худ 29,7%-ашон - қарз, 1,3 млрд сомонӣ (120 млн доллар) ё худ 2,6%-аш - ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва аз дигар сарчашмаҳо аст.

Азхудкунии маблағҳо дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳудуди 3,3 млрд сомонӣ (наздики 300 млн доллар)-ро ташкил додааст.

Дар зарфи 6 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ ба маблағи 736,1 млн доллар сармоягузории хориҷӣ ворид шудааст, ки 86,6 млн доллараш сармоягузории мустақим ва 649,6 млн доллараш - дигар сармоягузориҳо мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.