Сӯхторе, ки нимаи дуюми дирӯз дар яке аз манзилҳои истиқоматии бинои баландошёнаи маркази шаҳр ба амал омад, дар зарфи як соат хомӯш карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ хабар доданд, онҳо аз сар задани сӯхтор дар бинои мазкур соати 16:00 огоҳ шудаанд. Ба ҷойи ҳодиса 5 дастаи оташнишониии хадамот сафарбар шуда, ба оташнишонон муяссар гардид, ки дар як муддати кӯтоҳ ба манзили дар ошёнаи 4-ум ҷойгиршудаи бинои нӯҳошёнаи рӯ ба рӯи мағозаи марказии шаҳр (ЦУМ) ворид шаванд ва сӯхтор дар муддати начандон зиёд хомӯш карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, бар асари сӯхтор 1,5 метри мураббаъи манзил зарар дидааст. Бино ба маълумоти пешакӣ, сӯхтор бар асари ноҷӯрии кондитсионер сар задаст. Гуфта мешавад, аз сӯхтор касе осеб надидааст.