Молики бозори «Корвон» Нуршед Машрабов аз тоҷирони бар асари сӯхтор осебдидаи бозор маъзарат хост. «Ман аз чунин ранг гирифтани ҳодиса хеле мутаассифам», - гуфт ба рӯзноманигорон Н.Машрабов.

Ӯ иттилои нияти гурхетан доштанашро рад намуд. «Ман тамоми шаб дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, маро ҳама ба хубӣ диданд. Танҳо субҳ баъди оне, ки хеле монда шудаму дарк кардам, ки асабҳоям ором нестанд ва вазъият муташшаниҷ мегардад, аз ҷойи ҳодиса рафтам», - гуфт вай.

Молики бозор ҳамчунин изҳор кард, ки бар асари сӯхтор, ки муддати тамоми шаб идома ёфт, ҳудуди 2 ҳазор нафар тоҷирони бозор осеб дидаанд, аммо аз ифшои маблағи умумии зарар худдорӣ варзида, илова намуд, ки «айни замон ин хеле мушкил аст».

Бо вуҷуди ин, Машрабов мутмаин аст, ки сӯхтор дар натиҷаи барқасдона оташ задан рух додааст, вале аз ҷониби кӣ содир шудани онро намедонад. «Камераҳои мушоҳидаи видеоӣ ҳамаашро сабт карда, айни замон мавриди санҷиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд ва фикр мекунам, ки онҳо дар муайян кардани афроди дар ин амал дастдошта кӯмак хоҳанд кард», - изҳор кард Машрабов ва афзуд, ки «агар ман гунаҳкор бошам, ба ҷавоб гуфтан дар назди суд омодаам».

Ӯ ҳамчунин ваъда дод, ки аз ҳисоби худ ва бозор тамоми фурӯшгоҳҳоро барқарор хоҳад кард. Ба қавли Машрабов, ҳамчунин тамоми осебдидагон ба муддати панҷ сол аз пардохти иҷорапулӣ ва дигар пардохтҳои бозор озод карда мешаванд. Ӯ гуфт, иҷораи моҳонаи як метри мураббаъ дар бозор 20 сомониро ташкил медиҳад. «Ман фурӯшгоҳҳоро барқарор месозам, вале маблағи зарари соҳибкоронро ҷуброн карда наметавонам», - иброз дошт Машрабов.

Молики бозор зикр кард, ки ду моҳ пеш дар бозор аз ҷониби хадамоти оташнишонии ВКД машқҳо доир гардида буданд, вале бо вуҷуди ин, бинобар сабаби хеле зиёд будани тамошобинон, дирӯз кори онҳо он қадр муташаккилона набуд.

Ӯ ҳамчунин тасдиқ кард, ки Убайд Орифов ба сифати маъмури бозор фаъолият мекунад. Аммо Машрабов боварӣ надорад, ки Орифов нисбат ба тоҷирон дағалона рафтор карда бошад. «Ба ҳар ҳол, касе аз соҳибкорон бо ин гуна далелҳо ба ман муроҷиат накардааст», - афзуд Машрабов.