Бар асари як садамаи нақлиёт дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ се нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, шоми рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон, тахминан соатҳои 21:00 дар километри 90-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар қаламрави деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» таҳти идораи сокини 35-солаи шаҳри Душанбе Баҳром Афғонов ба садамаи нақлиёт дучор гардида, ба ҷарии 200-метра сарозер меравад.

«Бар асари садама ронандаи автомашина ва мусофирони он – сокини 54-солаи совхози «Варзоб»-и ноҳияи Рӯдакӣ Бибимайсара Ашӯрова ва сокини 25-солаи ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара Мирдалер Обидов аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд», - гуфтанд дар раёсати ВКД.

Бино ба маълумоти Шуъбаи Раёсати бозрасии давлатии автомобилии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 8 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 207 ҳодисаи (ҳамин давраи соли 2011 – 222 ҳодиса) садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 97 нафар (соли 2011 – 104 нафар) ҳалок ва 218 тан (соли 2011 – 225 тан) ҷароҳат бардоштанд.

Ҳамчунин рӯзи панҷшанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ боз як автомашинаи тамғаи «Опел» дучори садама гардид. Дар километри 210-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ҷиргатол ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» Абдуҷалол Каримов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинааш ноболиғонро пахш мекунад. Дар натиҷа Муҳаммади Мустафои 9-сола ва Идибек Хушвақтови 12-сола аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.