Бар асари сӯхторе, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар маҷмааи зисти «Газойл Сити»-и шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайваст, 9 нафар ба ҳалокат расиданд, ки ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, аз сӯхтор ҳамчунин 14 нафари дигар низ осеб дидаанд, ки ду нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд.

«Тибқи маълумоти дақиқшуда, дар сӯхтор Юсуфхон Давлатови 33-сола, сокини ноҳияи Мӯъминобод ва сокини Кӯлоб Ҳасан Иброҳимови 48-сола фавтида, шахсияти 7 нафари дигари ҳалокшудагон муайян нашудааст. Кормандони намояндагӣ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд», - гуфта мешавад дар иттилои намояндагӣ.

Ба иттилои манбаъ, зимни боздиди панҷ нафари осебдида дар бемористони ба номи Склифосовский маълум шудааст, ки миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.