Рӯзи 28-уми феврал сокини шаҳри Хоруғ, корманди филиали «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Хоруғ Ҳофиз Давлатхоҷаев даст ба худкушӣ зад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» хешовандони марҳум хабар доданд, онҳо ӯро дар гаражи начандон дуртар аз манзилаш ба дор овехта дарёфтаанд.

Дар Раёсати ВКД дар шаҳри Хоруғ ин далелро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки дар ҷисми марҳум аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, хешовандони Давлатхоҷаев бар ин назаранд, ки пас аз рӯйдодҳои Хоруғ кормандони Раёсати КДАМ-и вилоят борҳо филиали «Тоҷиксттандарт»-ро мавриди санҷиш қарор додаанд.

«Шуъбаи ӯ ба додани сертификатҳои сифат ба маснӯоти тамокуи воридотӣ машғул буд. Чанде қабл аз ин ҳодиса кормандони Раёсати КДАМ бори навбатӣ ба назди Ҳофиз омада, бо ӯ муддати 2-3-соат суҳбат кардаанд. Пас аз ин ӯ бо хотири нохуш ба хона баргашта буд», - гуфтанд наздикони ӯ.

Акнун ҳамсар ва ду нафар фарзандони Давлатхоҷаев – толибилмони синфҳои 6 ва 8 бесаробон монданд.

Прокуратура ҳодисаи мазкурро мавриди таҳқиқ қарор додааст.