Бар асари сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмони «Абрамтсево» дар ноҳияи Балашихаи вилояти Маскав 2 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод, эҳтимол меравад, яке аз фавтидагон шаҳрванди Тоҷикистон Марҷона Акбарова бошад, ки дар қаҳвахонаи «Алёшка»-и бозори мазкур кор мекардааст.

«Сафорат бо чанде аз шаҳрвандони тоҷики машғул ба фаъолият дар ин бозор дар тамос шуда, аз онҳо маълумот дастрас намуд, ки яке аз ҳалокшудагон шояд шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон, зодаи деҳаи Яккатути ноҳияи Ҳисор Марҷона Шерова бошад», - иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, ҷасади фавтидагон дар мурдахонаи ноҳияи Голяновои вилояти Москва нигоҳдорӣ шуда, чанде қабл падари ҷавонзани фавтида аз шаҳри Липетск барои муайян кардани шахсияти ҷасад омадааст.

«Пайвандони Марҷонаи эҳтимолан ҳалокшуда мегӯянд, ки ӯ ҳамагӣ як ҳафта қабл ба кор даромада, соҳиби духтарчаи чорсолаест, ки бо падару модари фавтида зиндагӣ доштааст», - изҳор кард М.Эгамзод.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки аз ҷониби сафорат ба наздикони ҷавонзани фавтида ҷиҳати омодасозии тамоми ҳуҷчатҳои зарурӣ кӯмаки ҳамаҷониба расонида шуда, баъдтар ҷасад ба ватан фиристода хоҳад шуд.