Субҳи рӯзи якшанбе дар майдони ҳавоии Внуковои шаҳри Маскав ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Маскав бо як мусофири ҳалокшуда фуруд омад.

Коршиносон муайян кардаанд, ки сабаби марги нашъаҷаллоби эҳтимолӣ кафидани ғилофаки дорои маводи мухаддир дар дохили меъдаи мард будааст. Аз дохили ҷисми марди фавтида 23 ғилофаки пластикии бо маводи мухаддири героин пуршуда дарёфт гардидааст.

Гуфта мешавад, ҳар кадоме аз ғилофакҳо бо 6,24 грамм маводи мухаддир баста шуда, вазни умумии онҳо беш аз 127 граммро ташкил додааст. Марди фавтида шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.