Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари беэҳтиётии ронанда як кӯдаки 11-сола ба ҳалокат расид.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди мавзеи Чорбоғ ронандаи автомашинаи боркаши «МАЗ-5545» сокини 22-солаи ноҳияи Истаравшан Сиёҳиддин Қӯқибоеви 25-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашина Санҷар Бобоеви 11-соларо пахш намудааст, ки дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнин кӯдак дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи панҷ моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 114 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли гузашта – 95 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 45 нафар ҳалок (5 моҳи соли 2012 – 46 нафар) ва 119 нафар (5 моҳи соли 2012 – 96 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Дар ҳамин давра бо иштироки кӯдаон 23 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2012 – 21 ҳодиса) рух дода, дар натиҷаи он 10 нафар кӯдакон ҳалок (соли 2012 – 6 нафар) ва 15 нафар (соли 2012 – 16 нафар) ҷароҳат бардоштаанд.