Дар мавзеи Содроги ноҳияи Дарвози ВМКБ 8-уми август мошини сабукрав ба дарё афтид, ки дар натиҷаи ин ҳодиса се нафар ҷон бохтанд.

Ба иттилои сомонаи расмии ВКД-и ҶТ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес», сокини 60-солаи Душанбе Назмишоев Сайдалӣ, ҳангоми ҳаракат бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, аз баландии 9-метр ба дарёи «Панҷ» афтодааст.

Дар натиҷа худи ронанда ва мусофири ӯ, Неъматулло Давлатови 37-сола ба як ҷаҳиш худро аз дохили мошин берун месозанд ва ҷон ба саломат мебаранд, аммо се зане, ки дар мошин буданд, ба дарё афтида, ғарқ мешаванд.

Барои дарёфти ҷасадҳои ғарқшуда корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.