Шоми рӯзи 19 августи соли равон аз ҳудуди заминҳои чарогоҳи хоҷагии деҳқонии Асадулло, ҷамоати деҳоти Даҳана-киики ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ҷасади ноболиғи 9-сола бо аломатҳои бачабозӣ ва марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҳангоми азназаргузаронии ҷасад дар бадани ноболиғ 16-зарбаи олоти тези бурандаю халонидашуда ба қисмати гардан аз пеш ва қафо бурида шуда, ба назар мерасид.

Гуфта мешавад, барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон бо фармони Вазири корҳои дохилӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон гурӯҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуда, рафти тафтишоти он зери назорати бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ қарор дорад.