Бар асари садамаи нақлиёти рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар шаҳри Хуҷанд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Шавкат Ҷӯраеви 36-сола ҳалок ва 2 тан аз мусофирони он дар беморхона бистарӣ шуданд.

Бино ба маълумоти маркази мтбуоти ВКД ҶТ, ҳамин рӯз дар роҳи мошингарди Душанбе – Темурмалик автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи сокини 30-солаи ноҳияи Темурмалик Шариф Акрамов ба автомашинаи тамғаи «Мерседес»-и мутааллиқ ба сокини 26-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа бармехӯрад.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин бархӯрд мусофирони автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» -  сокинони 30-солаи ноҳияи Темурмалик Давлат Шобороншоев ва Латиф Мамадов ба ҳалокат расидаанд.