- Мақомоти пулиси шаҳри Екатеринбург ҳолатҳои кӯшиши фирори шаҳрванди Тоҷикистон аз бинои шуъбаи пулиси №5-ро таҳқиқ мекунад, - иттилоъ медиҳад санаи 10-уми июн хабаргузории «REGNUM» бо истинод ба маълумоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Свердловск.

Бино ба иттилои хабаргузорӣ, ба ин бино шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон дар доираи баргузор намудани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ барои бозпурсӣ оварда шудаааст. Дар роҳрави ошёнаи 3-юми бино ногаҳон ба назди тиреза давида, худро аз он ба берун меафканад.

Бино ба иттилои «АиФ-Урал» пас аз ҷаҳиш аз рӯи аломатҳои зоҳирӣ маълум шудааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон чандон осебе надидааст, вале ба ҳар ҳол, автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ даъват шуда, ӯро барои муоина ба бемористон бурдаанд. Айни замон аз рӯи ин далел мақомоти интизомӣ санҷиш мегузаронанд.