Мақомоти пулиси ноҳияи Василеостровскии шаҳри Санкт-Петербург оид ба далели ҳамла ба муҳоҷири кории 24-сола аз Тоҷикистон санҷиш мегузаронад.

Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Русия, захмишуда субҳи барвақти рӯзи 19-уми июн ба бемористони Мариинск оварда шудааст. Баъди муоина табибон муайян кардаанд, ки ӯ аз қисмати рости шушаш бо хунрезӣ аз корд захмӣ гардааст. Онҳо вазъи беморро вазнин арзёбӣ намудаанд.

Тавре худи муҳоҷир ҳикоят кардааст, тақрибан соатҳои 4-и субҳ назди хонаи №37-и кӯчаи Кораблестроителей як шахси номаълум ба ӯ дарафтода, бо корд зарба задааст.