Бар асари садамаи фоҷеабор дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд, ки чанде қабл шомгоҳон рух дод, панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми ҳаракат дар километри 46-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини 43-солаи шаҳри Истаравшан Эронхон Исоев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дарёи Варзоб сарозер мешавад.

«Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд, лекин бар асари суръати тези маҷрои оби дарёи Варзоб, наҷоти ронанда ва мусофирони автомашина муяссар нагардид», - гуфтанд дар ВКД.

Ба иттилои манбаъ, мусофирони ин автомашина Саидумар Исоев, Исмоил Ҳамдамов ва Беҳрӯз Ҳомидови ҳамаашон 15-сола ва Саидусмон Исоеви 13-сола будаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз шуъбаи кумитаи варзиши шаҳри Истаравшан хабар доданд, Эронхон Исоев сармураббии дастаи наврасони баскетболи шаҳри Истаравшан ва наврасони ҳалокшуда аъзои ин даста будаанд.

«Онҳо ба Душанбе барои иштирок дар мусобиқаи чемпионати баскетбол рафта буданд. Ҷасади Эронхон аз об дарёфт шуда, ба хешону наздиконаш супурда шуд. Ҷасади ҳалокшудагони дигар, аз ҷумла ду писараш – Саидусмон ва Саидумар алҳол дарёфт нашудааст ва наҷотдиҳандгони ҷасадҳоро то ҳанӯз ҷустуҷӯ доранд», - гуфт манбаъ.

Мусобиқаи чемпонати Тоҷикистон оид ба баскетбол миёни наврасон рӯзҳои 24-28-уми июн дар Душанбе доир мегардад, ки дар он аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дастаҳо ширкат меварзанд. Вилояти Суғдро бояд дастаи Истаравшан намояндагӣ мекард.