Нимаи рӯзи 30-юми июни соли равон дар роҳрави назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федини пойтахт ҷасади хурдсол Мадина Шариповаи 6-сола, тарбиягирандаи Хонаи кӯдакони №2-и Раёсати тандурустии ш. Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ, сар аз тан ҷудо дарёфт гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳамагӣ баъд аз 20-дақиқаи содир шудани ҷинояти мазкур, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Синои ш.Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят модари марҳум - Зиёдагул Шариповаи 29-сола дастгир карда шудааст.

Гуфта мешавад, Зиёдагул Шарипова зодаи ноҳияи Ҳисор, шаҳраки Шарора, муваққатан истиқоматкунандаи ш. Душанбе буда, фарзанди ноболиғи худ Мадинаи шашсоларо аз Хонаи кӯдакони №2 бо навиштани дастхат, тахминан соатҳои 10 ба 11бо худ бурда, сипас бо истифода аз корд ӯро ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонидааст. Баъдан номбурда ҷасадро дар назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федина гузошта, худ аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.