Шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз садама дар метрои шаҳри Маскав рӯзи 15-уми июл осеб дидаанд, ба 5 нафар расид. Дар ин бора субҳи имрӯз сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, миёни ҷароҳатбардоштагон боз як ҳамватани мо – сокини шаҳри Душанбе Ҳамза Содиқов низ ҳузур доштааст, ки ҳангоми садама ҷароҳати сабук бардошта, шоми рӯзи 15-уми июл аз бемористон рухсатӣ шудааст.

«Маълумоти чанде аз васоити ахбори умуми Русия дар бораи ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон дар бемористонро айни замон мо тасдиқ карда наметавонем, вале кормандони мо мудом бо бемористонҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар онҳо бистарианд, дар тамос буда, агар маълумоте дастрас гардад, мо хабар хоҳем дод», - иброз дошт номбурда.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки аз садамаи субҳи рӯзи 15-уми июл рухдода дар метрои шаҳри Маскав 4 нафар шаҳрванди Тоҷикистон осеб диданд. Вазъи солимии ду нафари онҳо – Мӯминшо Муносибшоев ва Наимҷон Мавлонов хеле вазнин арзёбӣ шуда, онҳо дар шуъбаҳои эҳёгарии бемористонҳои №64 ва №7-и шаҳри Маскав қарор доранд.

Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, ҳамчунин сокини 37-солаи шаҳри Душанбе Зафарбек Сайфуллоев аз китфи чапаш ҷароҳат бардошта, ба бемористони №31 мунтақил шудааст. Вазъи солимии ӯро табибон қаноатбахш арзёбӣ кардаанд. Вазъи солимии боз як тоҷикистонӣ – Далер Қурбонов, ки дар бемористони №36-и шаҳр бистарӣ аст, низ қаноатбахш мебошад.

Васоити ахбори умуми Русия иттилоъ медиҳанд, ки шумори фавтидагон то ин дам ба 22 нафар расида, миёни ҳалокшудагон як шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Чин низ ҳузур доштаанд. КоммерсанЪ менавсиад, аз ин садама 11 шаҳрвандони хориҷӣ осеб дидаанд.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 15-уми июл дар метрои шаҳри Маскав садама рух дода, тибқи маълумоти ахир, бар асари он 21 тан ҳалок ва 160 нафар осеб дидананд, ки вазъи солимии 42 нафарашон вазнин арзёбӣ мешавад. Имрӯз дар Маскав ба мносибати ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи мотам эълон мешавад.