Субҳи имрӯз дар майдони ба номи 70-солагии водии Вахши шаҳри Қӯрғонтеппа ҷасади дар дор овезони хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар ин шаҳр дарёфт шуд.

Як манбаъ аз Шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷасади хизматчии ҳарбӣ Михаил Борисов соати 5-и субҳ дарёфт шуда, дарҳол дар ин бора ба мақомоти интизомӣ хабар дода шудааст.

«Тибқи фарзияи пешакӣ, сарбоз бар асари рашк даст ба худкушӣ задааст, аммо муфаттишон фарзияҳои дигарро низ омӯхта истодаанд», - гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар мақомоти прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа зикр кард, ки айни замон коршиносон сабабҳои марги сарбози русиягиро мавриди таҳқиқ қарор дода, дар сурати ошкор гардидани аломатҳои марги маҷбурӣ, парвандаи ҷиноӣ боз мешавад. «Хулосаи коршиносонро интизор мешавем», - афзуд манбаъ.