Ҷасади прапоршики 46-сола, нозири Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Ҷӯрабек Дӯстов баъди 21 рӯзи бедаракшавиаш дар рӯдхонаи Лучоб дарёфт шуд.

Дар бораи сабабҳои марги ӯ алҳол маълумот дастрас нест. Рӯзи 29 май ҷасади Ҷӯрабек Дӯстов ба хок супарда шуд.

Аввали ҳамин ҳафта аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буданд, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷустуҷӯи прапоршик аз рӯзи аввали бедарак шуданаш оғоз гардида буд.

Хешону наздикон ва дӯстони Ҷӯрабек Дӯстов, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ 23 сол таҷрибаи корӣ дошт, қотеъона имкони ба Сурия рафтани ӯро рад карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, Фароғат Холова ҳамсари прапоршик ба радиои «Озодӣ» дар ин робита  изҳор дошта буд , ки шавҳараш соати чори рӯзи 8 май аз хона берун шуда, гуфтааст, ки ба туйи як ҳамкораш меравад. «Баъзе ҳуҷҷатҳояшро гирифта баромад ва гуфт, ки шояд шаб омада натавонад. Соати 9-и шаб занг зад ва гуфт, ки намеояд ва баъди ҳамин дигар телефонаш хомӯш шуд. Ӯ он қадар мазҳабӣ набуд ва гоҳ-гоҳ менӯшид, аммо ба хона дар ҳолати мастӣ намеомад. Овозаи Сурия рафтани ӯ ҳеч ба ҳақиқат рост намеояд», - қайд карда буд номбурда.