Дар сохтмони нуқтаи фурӯши сӯзишвории ширкати «Фароз», воқеъ дар мавзеи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ чанде қабл шомгоҳон ҳодисаи нохуш рух дода, аз зарбаи барқи хатти интиқоли баландшиддат як бинокор ба ҳалокат расид.

Ҳамкорони бинокор ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуданд, ки ҳодиса ҳангоми насби қубур, ки он ба хатти баландшиддати интиқоли барқ расидааааст, ба вуқӯъ пайваста, бинокор дар роҳ ба беморхона фавтидааст.

Кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишвории ширкати «Фароз» аз шарҳи ҳодисаи мазкур худдорӣ варзиданд.