Бар асари таркиш, ки шоми рӯзи сешанбе дар қаламрави анбори нафти воқеъ дар наздикии шаҳри Душанбе рух дод, 4 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин ҳодиса дар анбори нафти ширкати «Бафоев Ғайбулло» воқеъ дар деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ ба амал омадааст.

Сабаби ба амал омадани таркиш риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои кафшергарӣ унвон шудааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш чор нафар кормандони корхонаи мазкур ба ҳалокат расида, якчанд нафари дигар бо бардоштани ҷароҳатҳо дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки ин анбори нигаҳдории нафт ба ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» ба иҷора дода шудааст.