Субҳи рӯзи 16 ноябр дар километри 274-уми роҳи мошингарди М-3 дар қаламрави ноҳияи Думиничскии вилояти Калугаи Русия садамаи нақлиёт рух дода, бар асари бархӯрди автомашинаи боркаши МАН бо автомашинаи тамғаи «Шевроле Ласетти» 5 нафар ба ҳалокат расиданд, ки се нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Котиби матбуотии намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шахсияти шаҳрвандони ҳалокшудаи Тоҷикистон муайян шудааст, ки онҳо - сокини шаҳри Хуҷанд - Абдураҳмонов Ҷамшед Абдутолибовичи 35-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Абдуаҳад Фаёзови 27-сола ва сокини ноҳияи Шаҳритӯс - Маҳмадшоева Наргис Қарахоновнаи 40-сола мебошанд. Ҳангоми садама боз ду шаҳрвандони Эквадор низ дар дохили автомашина қарор доштаанд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамроҳ бо намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ оид ба муҳоҷират дар Русия ҷиҳати муайян кардани тамоми ҳолатҳои ҳодиса рухдода кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Зимнан зикр гардид, ки ҳодисаи мазкур аз ҷониби мақомоти тафтишоти вилояти Калуга низ мавриди санҷишу таҳқиқ қарор гирифтааст.