Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд 3 нафар ҷавонони 20-солаи шахри Хуҷанд ба ҳалокат расиданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, рӯзи 25 ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, ҷавони 20-сола, донишҷуи бахши 3-юми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ-бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи вилояти Суғд бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “КИА-Спортеж”, таҳти идораи ронанда, марди 42-солаи сокини шаҳри Панҷакент бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа мусофирони автомашинаи “Опел-Вектра”, се ҷавони 20-сола, яке донишҷуӣ бахши 3-юми Донишгоҳи олии Русия дар Қирғизистон, дигараш донишҷуӣ бахши 3-юми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ-бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва сеюмӣ бекор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки мусофирони дигари автомашинаҳои мазкур ҷавонони 20-сола,  яке сокини шаҳри Хуҷанд ва дигарӣ сокини шаҳри Панҷакент ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.