Субҳи имрӯз, 8-уми декабр, дар мактаби №51-и ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара сӯхтор рух дод, ки дар натиҷа, қисме аз мактаб сӯхта хароб гашт. Дар ин бора Қаҳрамон Қодирзода, сардори шӯъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз ҳодисаи сӯхтори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар вилояти Суғд ба “Asia-Plus” иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки ҳодиса пеш аз оғози дарсҳо рух додааст ва касе зарар надидааст.
“Ҳоло сабаби сӯхтор ва зарари аз он расида таҳқиқ карда мешавад”, - гуфт Қаҳрамон Қодирзода.
Дилором Атобоева, директори мактаби мазкур зимни суҳбат бо “Asia-Plus” таъкид намуд, ки “соати 5:22 посбони мактаб занг зада аз сар зани сухтор хабар додааст”.
“Дар мактаб 440 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Ба онҳо 35 нафар омӯзгор дарс медиҳанд ва 10 нафар ҳайати хоҷагидорӣ мебошанд”, - гуфт Дилором Атобоева.
Муноҷот Увайсова, роҳбари созмони хонандагони мактаби мазкур гуфт, ки “дар пайи сӯхтор ду тарафи долони мактаб сӯхтааст”.
Дар ҳоле, ки мақомот аз таҳқиқи сабаби сӯхтор ва зарари аз он расида иттилоъ медиҳанд, Муноҷон Увайсова зикр мекунад, ки “хатмкардаҳои ин муассиса, муҳоҷирон ва сокинони ҷамоат сарҷамъона масолеҳи сохтмонӣ датрас карда, алакай ба бартарафкуниии зарар пардохтаанд”.
“То бегоҳии имрӯз, 8-уми декабр, зарари аз сӯхтор расида пурра бартараф шуда, аз пагоҳ дарс мисли рӯзҳои муқаррарӣ ба роҳ монда мешавад”.
Гуфтан ба маврид аст, ки давоми 8-рӯзи моҳи декабр ин 9-умин ҳодисаи сӯхтор дар вилояти Суғд ба ҳисб меравад. Панҷ рӯз қабл, дар шаҳри Истаравшан нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оташ гирифта буд.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста