Имрӯз, 30-уми декабр, дар километри 133 — юми роҳи Душанбе — Чаноқ (дар болои пул) мошини боркаши барои интиқоли гази моеъ пешбинишуда ба садама дучор шуд. Дар ин бора IRS, ширкате, ки нигоҳубинии роҳи мазкурро бар уҳда дорад, хабар медиҳад.

Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки пас аз рух додани ҳодиса, кормандони ширкати IRS ба ҷойи рухдод ҳозир шуда, дар навбати аввал гази моеъ ба мошини дигар интиқол дода шудааст.

Зикр мегардад, ки пас аз интиқоли гази моеъ, мошини боркаш аз болои пул ба канори роҳ бароварда мешавад.

Ширкат аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ боэҳтиёт ва бодиққат бошанд.

Акс аз IRS

Моро дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК пайгирӣ кунед.